Ноябр 28, 2021 13:25 Asia/Dushanbe
  • Додситони вилояти Бадахшон хостори поён додан ба таҷаммуъоти ғайриқонунӣ шуд.

Додситони вилояти Бадахшон дар суханронии телевизионӣ аз муътаризон хост ба таҷаммуъи ғайриқонунӣ поён диҳанд.

Ба гузориши сомонаи ТОҶВЕК, Парвиз Орифзода дар барномаи хабарии телевизионии вилояти Бадахшон, таҷаммуъи муътаризонро ғайриқонунӣ донист ва хостори ҳифзи оромиш ва поён додан ба ин навъ иқдомот шуд.

Вай гӯфт: Бар асари партоби санг дар таҷаммуъи муътаризон, Алишер Мирзонабот раиси вилояти Бадахшон ва Азиз Гиёҳзода намояндаи парлумони Тоҷикистон захмӣ шуданд.

Парвиз Орифзода идома дод, неруҳои амниятӣ маҷбур ба истифода аз силоҳ ва шилики ҳавоӣ шуданд.

Додситонии вилояти Бадахшон эълом кард барои таҳқиқ дар бораи иллати кушта шудани чанд нафар дар ин минтақа гуруҳи кории вижа ташкил шуда аст.

Барчасп