Шукурҷон Зуҳуров: Транзити коло набояд сиёсӣ шавад
(last modified 2016-11-12T09:49:05+00:00 )
Ноябр 12, 2016 14:49 Asia/Dushanbe
  • Шукурҷон Зуҳуров: Транзити коло набояд сиёсӣ шавад

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар дидор бо сафири Афғонистон аз сиёсӣ шудани масъалаи транзит ва ҳамлу нақли бор аз тариқи Афғонистон ибрози нигаронӣ кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Озодагон”, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар дидор бо Абдулғаффори Орзу, сафири Афғонистон, ки давраи хидматаш дар Тоҷикистон ба поён расидааст, гуфтааст, аз долонҳои транзитӣ набояд барои пиёда кардани аҳдофи кӯтоҳмуддати сиёсӣ истифода шавад. Шукурҷон Зуҳуров тиҷорат ва транзитро аз муҳаррикҳои муассири иқтисоди ҷаҳонӣ ва омили тақвияти муносиботи сиёсию фарҳангӣ дониста афзуд, зарфиятҳои транзитии Афғонистон бояд дар масири рушди тиҷорати минтақа мавриди истифода қарор гирад, ки ин ҳам ба нафъи мардуми Афғонистон ва ҳам ба нафъи рушди босуботи минтақа аст.

Зуҳуров ин изҳоротро дар ҳоле матраҳ кардааст, ки Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон моҳи сентябр эълом карда буд, иҷоза нахоҳад дод, то колоҳои покистониро аз хоки кишвараш ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ гузаронанд. Ин иқдоми Афғонистон дар вокуниш ба мамнӯияти ҳамлу нақли колоҳои кишвараш аз бандари Вога аз сӯйи Покистон сурат гирифта буд. Кобул пеш аз ин низ барои иҷоза додани тоҷирони покистонӣ ҷиҳати убур аз хокаш ба Тоҷикистон шарт гузошта буд. Шарти Кобул ин буд, ки Исломобод тоҷирони Афғонистонро ба Ҳинд роҳ диҳад ва монеи тиҷорати кишвараш бо Ҳинд нашавад.