Дастрасӣ ба иттилоот барои расонаҳо дар Тоҷикистон мушкилтар шудааст
Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ки як созмони ғайридавлатӣ мебошад, аз мушкилтар шудани дастрасӣ ба иттилоот дар ин кишвар интиқод кард.
Ба гузориши сомонаи “ТОП ТҶ”, дар баёнияи ин созмон таъкид шудааст, ки тайи солҳои ахир вазоратҳо ва ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо расонаҳои хабарӣ худдорӣ мекунанд ва дастрасӣ ба иттилоот маҳдуд аст, ки муҷиби эҷоди фазои беэътимодӣ миёни ҷонибҳо ва интишори овозаҳо дар бораи ҳаводиси муҳим дар кишвар мегардад.
Дар бахши дигаре из ин баёния таъкид шудааст: Дар аксари вазоратҳо ва созмонҳои давлатии Тоҷикистон ҳангоми дархости тавзеҳ дар бораи рӯйдодҳои муҳим ва рӯзи ин кишвар мегӯянд, ки хостаи худро катбӣ ироа кунед, ки ҳатто дар шароити изтирорӣ, ки бояд посух фаврӣ дода шавад, пас аз як моҳ ҷавоб меояд, ки дигар қобили интишор нест.
Дар баёнияи Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз Додстонии кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон низ интиқод шудааст, ки ба унвони ниҳоди назорат бар иҷрои Қонуни матбуот ва дигар расонаҳои хабарӣ, амалан аз ҳамкорӣ бо расонаҳо худдорӣ мекунад, ки ҷои суол дорад.
Гуфта мешавад, ки тайи моҳҳои июл ва августи соли ҷорӣ дафтарҳои матбуотии вазоратҳо ва ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ба 58 маврид дархости катбии Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар бораи масоили муҳим танҳо ба 37 пурсиш ва он ҳам бо таъхир посух додаанд.