Зилзилаи 4 риштерӣ шарқи Тоҷикистонро ларзонд
(last modified Wed, 01 Dec 2021 12:12:32 GMT )
Декабр 01, 2021 17:12 Asia/Dushanbe
  • Зилзилаи 4 риштерӣ шарқи Тоҷикистонро ларзонд

Зилзилае ба бузургии 4 риштер соати 08: 45 дақиқа ба вақти маҳаллӣ бахшҳое аз шарқи Тоҷикистонро ларзонд.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб гуфт, маркази ин зилзила дар 260 километрии шимолу шарқи Душанбе, дар 44 километрии шарқи минтақаи Рашт аст.

Бузургии ин зилзила дар маркази вуқуъ 4 Риштер ва дар минтақаи Рашт 3 Риштер будааст.

Бинобар суханони Юсуфӣ, дар пайи ин зилзила ҳеҷ талафоти моливу ҷонӣ сабт нашудааст.