Декабр 02, 2021 10:46 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти Тоҷикистон ва Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ

Тоҷикистон ва Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ ва иҷрои тарҳҳои муштаракро баррасӣ карданд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳоро дар кишварро дар Будапешт баррасӣ намуд.

Дар доираи сафар дар Будапешт муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо муовини мудири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Сузана Якаб мулоқот намуд. Дар ин мулоқот ҷонибҳо оид ба ҷанбаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, аз ҷумла роҷеъ ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳое, ки ба таҳкими низоми тандурустӣ равона шудаанд, табодули афкор карданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон дар Саммит ва Намоишгоҳи Будапешт-2021 оид ба рушди устувори сайёра, ки 29 ноябр дар Будапешт оғоз гардид, иштирок дорад.

 

Барчасп