Бистарӣ шудани муаллими тоҷик бар асари лату куби қирғизҳо дар ноҳияи Исфара
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i77644-Бистарӣ_шудани_муаллими_тоҷик_бар_асари_лату_куби_қирғизҳо_дар_ноҳияи_Исфара
Муаллими тоҷик бар асари лату куби қирғизҳо дар ноҳияи Исфара дар бемористон бистарӣ шуд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Декабр 02, 2021 11:23 Asia/Dushanbe
  • Бистарӣ шудани муаллими тоҷик бар асари лату куби қирғизҳо дар ноҳияи Исфара

Муаллими тоҷик бар асари лату куби қирғизҳо дар ноҳияи Исфара дар бемористон бистарӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, сокинони ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз омӯзгори рабудашуда Камолиддин Собирови 59-сола, муовини мудири мактаби рақами 64-и деҳаи Сомониён ном мебаранд. Ба гуфтаи онҳо сабаби рабуда шудани омӯзгор маълум нест, вале дар ин ҳодиса сокинони маҳаллаи қирғизнишини ҳаммарзро айбдор мекунанд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон аз ин ҳодиса хабар надодаанд, вале расонаҳои қирғизӣ ба нақл аз нерӯҳои марзбонии ин кишвар аз латукӯб шудани як шаҳрванди Қирғизистон дар марзи Тоҷикистон гузориш медиҳад. Хадамоти марзбонии Қирғизистон шаби якуми декабр дар бораи тирандозӣ дар марз бо Тоҷикистон низ хабар дода гуфтааст “шахсони номаълум аз самти Тоҷикистон аз туфанги шикорӣ 7-8 тир холӣ карданд”.

Бештар бихонед: