Табодули тиҷоратии 1 миллиондолларии Тоҷикистон ва Русия
Мубодилоти тиҷорати Тоҷикистон ва Русия дар 10 моҳ ба беш аз 1 миллиарддоллар расид.
Ба гузориши сомонаи Ховар, Евгений Коренков ин матлабро дар ҳошияи ҳаштумин ҳамоиши ҳамкориҳои минтақаии Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Бохтар маркази вилояти Хатлон эълом кард.
Вай гуфт: Интизор меравад то охири соли ҷорӣ ин мизон ба 1 миллиарду 200 миллион доллар бисарад, ки дар муқоиса бо соли гузашта 25 дарсад афзоиш доштааст.
Дар ҳамоиши ҳамкориҳои минтақаии Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Бохтар бо ширкати мақомоти Русия ва Тоҷикистон дар бораи роҳҳои густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои санъатӣ, тиҷоратӣ, кишоварзӣ, сармоягузории ширкатҳтои Русия дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва зарурияти роҳандозии корхонаҳои муштараки тавлтӣ таҷҳизоти кишоварзӣ баҳсу табодули назар шуд.
Ширкаткунандагон ҳамчунин таъкид карданд, ки бо рафъи мушкилот заминаҳои афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия фароҳам хоҳад шуд.