Раиси Ҷумҳурии Русия артиши Тоҷикистонро таҷҳиз мекунад
(last modified Thu, 02 Dec 2021 09:06:06 GMT )
Декабр 02, 2021 14:06 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Русия артиши Тоҷикистонро таҷҳиз мекунад

Раиси Ҷумҳруии Русия бар муҷаҳаз шудани артиши Тоҷикистон таъкид кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Владимир Путин ҳангоми дарёфт намудани устуворномаи Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, сафири нави Тоҷикистон дар Русия гуфт: Маскав муттаҳиди роҳбурдии Тоҷикистон аст ва бо маддиназар қарор додани вазъияти аминятии Афғонистон барномаи таҷҳиз намудани неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро дар дастури кор дорад.

Раиси Ҷумҳурии Русия афзуд: Соли 2022 30-умин солгарди барқарории равобити сиёсӣ миёни Русия ва Тоҷикистон аст.

Вай идома дод, Тоҷикистон дар соли 2021 ба унвони раиси СПАД ва Созмони Ҳамокори Шанхаӣ фаъолияти қобили тавваҷуҳ анҷом дод.

Владимир Путин гуфт: Аз инрӯ Русия ва Тоҷикистон дар чорчуби ин созомон ва ИДМ барои ҳалли масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ ҳамоҳангии наздик хоҳанд дошт.