Декабр 05, 2021 10:18 Asia/Dushanbe
  • Сафари нахуствазири Тоҷикистон ба вилояти Хатлон

Нахуствазири Тоҷикистон барои ошноӣ бо раванди сохти тарҳҳои ободонӣ ба вилояти Хатлон сафар кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховароҳир Расулзода дар ин сафар бо раванди иҷрои чандин тарҳи ободонӣ дар навоҳии Фархор ва Мир Саидалии Ҳамадонӣ ошно шуд .
Вай дар ноҳияи Фархор аз раванди бозсозии таъсисоти интиқоли об боздид кард . Бо бозсозии таъсисоти ин марказ обёрии 4 ҳазор гектар аз заминаҳои кишоварзии ноҳия осон хоҳад шуд .
Дар ҳоли ҳозир дар ин минтақа сохти 44 тарҳи мухталифи иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва ободонӣ идома дорад .
Расулзода дар ноҳияи Мир Саидалии Ҳамадонӣ ҳам коргоҳи дӯзандагӣ, маркази таъмири трактор ва корхонаи тавлиди намакро ифтитоҳ кард.
Вай ҳамчунин аз намоишгоҳи маҳсӯлоти кишоварзии ин ноҳия низ дидан кард .

 

Барчасп