Декабр 06, 2021 12:30 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли 345 ҳазору 600 дозаи воксани корона ба Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз дарёфти ҳудуди 345 ҳазору 600 дозаи воксани корона аз навъи Синовак хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон, мақомоти ин вазоратхона аз дарёфти ҳудуди 345 ҳазору 600 дозаи воксани корона хабар доданд, ки бо кумаки молии Бонки рушди Осиё ва тавассути созмони ЮНИСЕФ харидорӣ шудааст .
Шани Кэмпбелл-мудири дафтари Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон эълом кард, ки ин ниҳоди молӣ дар оянда низ барои харид ва воридоти воксани корона манобеи молӣ ихтисос хоҳад дод .
Бинобар гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон то 6 декабр соли 2021 51.8 дарсад ( беш аз 3 миллиону 206 ҳазор нафар ) аз ҷамъияти болои 18 соли ин кишвар дозаи аввали воксанро дарёфт кардаанд .
Ниҳоди мазкур теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки то кунун ду дозаи воксан дарёфт кардаандро беш аз 2 миллиону 590 ҳазор нафар ( ҳудуди 45 дарсад ) эълом кардааст .
Бинобар омори Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ҳамагирии корона то кунун дар ин кишвари бо ҷамъияти 9.6 миллион нафарӣ  17 ҳазору 91 мубтало сабт шуда, ки аз ин миён 16 ҳазору 965 ( 99.2 дарсад ) аз онҳо беҳбуд ёфтаанд.
Теъдоди афроди ҷонбохта бар асари ин бемории ҳамагир дар саросари Тоҷикстон 124 нафар эълом шудааст.
 

Бештар бихонед :

Барчасп