Баррасии густариши равобити Тоҷикистон ва Кувайт дар Душанбе
(last modified Wed, 08 Dec 2021 05:10:29 GMT )
Декабр 08, 2021 10:10 Asia/Dushanbe
  • Баррасии густариши равобити Тоҷикистон ва Кувайт дар Душанбе

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо мудири кулли Сандуқи тавсеаи иқтисодии Кувайт дар умури тавсеаи иқтисодии кишварҳои арабӣ, густариши равобити ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Марвон Абдуллоҳи Алғоним, роҷеъ ба сатҳи равобити феълӣ ва дурнамои густариши муносиботи Тоҷикистон ва Кувайт баҳсу табодули назар шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор таъкид кард, ки Тоҷикистон аз густариши бештари ҳамкориҳои чандҷониба бо Кувайт ҳимоят мекунад ва алоқаманд ба тавсеаи муносибот бо ниҳоди муҳими молии ин кишвар (Сандуқи тавсеаи иқтисодии Кувайт) барои кишварҳои арабӣ аст.

Дар ин дидор тарафайн дар хусуси ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ, аз ҷумла иҷрои тарҳҳои барқи обӣ, саноеи сабук ва ғизоӣ, истихроҷ ва фароварии маводи маъданӣ, сохтмонсозӣ, роҳ, иртибототу гардишгарӣ баҳс ва табодули назар карданд.

 

Бештар бихонед: