Тасвиби тавофуқномаи таъсиси сомонаи ягонаи дифои ҳавоӣ бо Русия дар маҷлиси Тоҷикистон
(last modified Thu, 09 Dec 2021 05:56:12 GMT )
Декабр 09, 2021 10:56 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби тавофуқномаи таъсиси сомонаи ягонаи дифои ҳавоӣ бо Русия дар маҷлиси Тоҷикистон

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тавофуқномаи таъсиси сомонаи ягонаи дифои ҳавоӣ бо Русияро барои муддати 5 сол тасвиб кард, ки дар сурати мувофиқати тарафҳо пас аз он муддат, қобили тамдид мебошад.

Ба гузориши сомонаи Спутник, генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ҳангоми ироаи ин тавофуқнома ба Маҷлиси намояндагон гуфт, ки ҳадаф аз ин иқдом афзоиши тавони муқобила бо ҳар навъ таҳаррукоти душмани фарзӣ барои вуруд ба ҳарими ҳавоии Тоҷикистон аст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳануз дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ба мақомоти вазоратҳои умури хориҷа ва дифои кишвар дастур дода буд, ки ин тавоқфуномаро имзо кунанд.

Ба далели фосилаи зиёд миёни Тоҷикистон ва Русия тасмим гирифта шудааст, ки сомонаи дифои ҳавоии муштарак миёни Душанбе ва Маскав ба унвони бахшии азбрномаҳи дифои ҳавои минтақаи Осиёи марказӣ ва, кишварҳои ИДМ фаъол шавад. Ҳамоҳангии фаъолияти сомонаи ҷадид бо генералСергей Шойгу, фармондеҳи неруи ҳаво-фазоии Русия хоҳад буд.
Тавофуқ бар сари таъсиси ин сомонаи дифои ҳавоӣ 27 апрел дар сафари генерал Sergei Shoigu, вазири дифои Русия ба Душанбе сӯрат гирифт.

Ин дар ҳоле аст, ки дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201 артиши Русия ба унвони бузургтарин маркази неруи заминии ин, кишвар дар хориҷ мустақар аст, ки муддати фаъолияти он то соли 2042 тамдид шудааст.

Бештар бихонед:

Сафари раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба Қазоқистон

Дидори раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо сафири Русия дар Душанбе