Декабр 11, 2021 10:32 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси коргурӯҳи вижаи таҳқиқоти ҳаводиси ахир дар вилояти Бадахшон

Ба дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон коргурӯҳи вижаи таҳқиқоти ҳаводиси ахир дар вилояти Бадахшон ташкил шуд.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷикистон”, Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки ин коргурӯҳ ба раёсати Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон бояд иллат ва авомили ин ҳаводисро мушаххас кунад.

Бо мақсади тафтиши ҳамаҷониба, шаффоф ва воқеъбинонаи ҳодисаи рухдода, ҳамзамон ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки даст ба ҷиноят заданд, бо супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи фаврӣ-тафтишотӣ таъсис дода шудааст.

Ин коргурӯҳ шомили 20 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,  ки 6 тан аз фаъолони ҷомеъаи мадании Тоҷикистон низ дар ин коргурӯҳ ширкат хоҳанд кард.

Дар иттилоияи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон таъкид шудааст: «Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати шахсоне, ки даст ба бетартибиҳо зада, амалу рафтори ғайриқонунӣ ва ҷиноят содир карданд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад».

Ба навиштаи манбаъ, тибқи иттилои расмӣ дар ҳодисаи мазкур 12 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дучори ҳамлаи мусаллаҳона гардида, бо истифода аз корд ва дигар лавозимоти халандаву буранда ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Зиёбеков барои содир кардани ҷинояти гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаю адоват дар пайгарди қонунӣ қарор дошта, ҳангоми боздошт муқобилияти мусаллаҳона нишон додааст ва дар натиҷаи оташи ҷавобӣ захмӣ гардидааст.

Гуфта мешавад, ки дар даргирии муътаризон ва полис дар вилояти Бадахшон 3 нафар кушта ва 12 нафар кормандони интизомӣ, захмӣ шуданд. 

 

Барчасп