Ҳушдор дар бораи вуруди вируси “Омикрон” ба Тоҷикистон
Раиси Ситоди миллии муқобила ба бемории корона дар Тоҷикистон дар бораи вуруди навъҳои ҷадиди ин вирус ба Тоҷикистон ҳушдор дод.
Ба гузориши сомонаи Ховар, Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ва раиси Ситоди миллии муқобила ба бемории корона дар нишасти аъзои ин ниҳод таъкид кард, ки бояд бо ташдиди тадбирҳои назоратӣ аз вуруди вируси “Омикрон” ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кард.
Вай таъкид кард, ки бояд раванди тазриқи воксани корона ба сокинони болои 18 соли ин кишвар афзоиш ёбад ва назорат бар риояти тавсияҳои беҳдоштӣ низ ташдид шавад.
Расулзода аз коҳиши теъдоди афроди дорои ниқоб дар Тоҷикистон интиқод кард ва хостори назорати нерӯҳои интизомӣ ба ин маврид дар ҳамлу нақли умумӣ ва марокизи пурҷамъият шуд.
Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки то 10 декабри соли ҷорӣ ба 3 миллиону 222 ҳазору 924 шаҳрванди болои 18 соли ин кишвар воксани корона тазриқ шудааст.
Ин мақомот мегӯянд, тайи як моҳи ахир дар ин кишвар ҳеҷ мавриди ҷадиди ибтило ба бемории Ковид 19 сабт нашудааст.
Бештар бихонед: