Омӯзиши пизишкон-меҳвари дидори мақомоти тоҷику Туркия
Вазири тандурустии Тоҷикистон бо сафири Туркия дар ин кишвар дидор кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллоҳзода-вазири беҳдошти Тоҷикистон ва Эмре Зекӣ Карагёл-сафири Туркия дар ин кишвар дидору гуфтугӯ кард .
Тарафайн таи ин дидор дар мавриди омӯзиши мутахассисони тоҷик дар заминаи ҷарроҳии лопороскопӣ ва беҳдошти умумӣ бо таъкид бар вирусшиносӣ, микробиологӣ ва эпедимиологӣ аз тариқи баргузории давраҳои омӯзишӣ дар шаҳрҳои мухталифи Туркия баҳсу табодули назар карданд .
Ду тараф ҳамчунин табодули таҷрибаи байни пизишкони ду кишвар дар заминаи дорӯсозиро низ баррасӣ карданд .
Бештар бихонед :
- Тақвияти равобити тиҷории Тоҷикистон ва Туркия
- Омодагии Туркия барои ҳамкории расонаӣ бо Тоҷикистон
-
Афзоиши мубодилоти тиҷорӣ - меҳвари ройзании нахуствазирони Тоҷикистон ва Туркия
Хези Тоҷикистону Фаластин барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба