Афзоиши 40 миллиондолларии содироти барқи Тоҷикистон ба хориҷ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i78226
Тоҷикистон содироти барқ ба хориҷро тайи 11 моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба ду баробар афзоиш додааст, ки аз ин ҳисоб 93 миллиону 500 ҳазор доллар даромад касб кардааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 15, 2021 10:20 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 40 миллиондолларии содироти барқи Тоҷикистон ба хориҷ

Тоҷикистон содироти барқ ба хориҷро тайи 11 моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба ду баробар афзоиш додааст, ки аз ин ҳисоб 93 миллиону 500 ҳазор доллар даромад касб кардааст.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, ин мизон даромади молӣ дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли қабл афзоиши 40 миллиондоллариро нишон медиҳад.

Умдатарин воридкунандагони барқи Тоҷикистон кишварҳои ҳамсояи Узбакистон ва Афғонистон мебошанд. Аз сӯи дигар, тайи 11 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 18 миллиарду 700 миллион киловат соат барқ тавлид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2020 афзоиши ва ҳафт дарсадиро нишон медиҳад. Ин дар ҳоле аст, ки сокинони манотиқи рустоии Тоҷикистон бо оғози фасли сармо бо маҳдудияти интиқоли барқ рӯ ба рушданд. Зеро барои сокинони бахши хонагӣ дар манотиқи рустоӣ дар шабонарӯз 8 то 10 соат барқ мунтақил мешавад.