Декабр 15, 2021 16:51 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 34 дарсадии мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон тайи 11 моҳи соли ҷорӣ

Мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон тайи 11 моҳи соли ҷорӣ 5,5 миллиард доллар эълом шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2020 афзоиши наздик ба 34 дарсадиро нишон медиҳад.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, тайи ин муддат ба Тоҷикистон аз хориҷ 3 миллиарду 700 миллион доллар коло ворид карда шуд, ки 898 миллион доллар бештар аз давраи мушобеҳи соли қабл мебошад.

Ҳамчунин дар ин муддат ба маблағи 1 миллиарду 800 миллион доллар маҳсулот ба хориҷ содир шудааст, ки 481 миллион доллар бештар аз давраи мушобеҳи соли 2020 мебошад.

Шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон дар ин муддат Русия бо 1 миллиарду 130 миллион доллар, Қазоқистон бо 1 миллиарду 40 миллион доллар, Чин бо 769 миллиону 900 ҳазор доллар ва Швейтсария бо 726 миллион доллар будаанд.

Мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон низ тайи ин муддат манфӣ ва ба нафъи воридот эълом шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп