Вогузории амволи ғайриманқули пойгоҳи низомии 201 Русия ба вазорати дифои Тоҷикистон
(last modified Thu, 16 Dec 2021 06:10:44 GMT )
Декабр 16, 2021 11:10 Asia/Dushanbe
  • Вогузории амволи ғайриманқули пойгоҳи низомии 201 Русия ба вазорати дифои Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, созшномаи вогузории 103 бино ва марокизи омӯзишӣ, таъмиргоҳҳо, беҳдориҳо, анборҳо ва сарбозхонаҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро тасвиб кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, бар асоси қарордод, дар майдони қариб 40 километри мураббаъ дар шаҳри Кӯлоб ва дар масоҳати 650 километри мураббаъ дар ноҳияи Муъминобод ҳудуди 103 иншооту бинои низомӣ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор мегирад. Қаблан ин замину иншоот аз ҷониби пойгоҳи низомии 201-уми Русия истифода мешуданд. Ин феҳраст хобгоҳҳо, анбор, ҷои нигоҳдории техника ва нуқтаҳои шустушӯиро шомил мешавад.

Эмомалӣ Собирзода, муовини вазири дифои Тоҷикистон ҳангоми баррасии ин созишнома дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар гуфт, ки пас аз хурӯҷи низомиёни Русия аз ин марокиз акнӯн ин таъсисоти дар ихтиёри Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.

Русия дар соли 2016 полки нерӯи заминии хешро аз шаҳри Кӯлоб хориҷ ва ба пойгоҳи 201 мустақар дар атрофи шаҳри Душанбе мунтақил кард.

Пойгоҳи 201 низомии артиши Русия мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин маркази нерӯи заминии ин кишвар дар хориҷ ба ҳисоб меояд, ки наздик ба 7 ҳазор нерӯ дорад.

Бештар бихонед: