Тавсеаи равобит - меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ
Декабр 17, 2021 19:54 Asia/Dushanbe
Дар дидори муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва раиси Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид дар ин кишвар, тавсеаи равобит байни ду тараф баррасӣ шуд.
Ба гузориши “Форс”, Музаффар Ҳусайнзода, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Усома Мокови, раиси Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид дар ин кишвар дидору гуфтугӯ карданд.
Дар ин дидор тарафайн бахшҳои мухталифи ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар заминаҳои мухталифро баррасӣ карданд.
Дар ин мулоқот дар мавриди раванди тавсеаи барномаи кишварӣ барои солҳои 2023 - 2026 ва ҳамчунин иқдомоти анҷомшуда барои ҷилавгирӣ аз густариши бемории ҳамагир дар ин кишвар баҳсу табодули назар шуд.
Барчасп