Муҷавизи боздошти як қозии Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон содир шуд
(last modified Sat, 18 Dec 2021 07:13:01 GMT )
Декабр 18, 2021 12:13 Asia/Dushanbe
  • Дар соли 2019 барои хидматҳои шоён дар додгоҳи  Олии иқтисодии Тоҷикистон медали   хидматҳои шоиста дарёфт карда буд.
    Дар соли 2019 барои хидматҳои шоён дар додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон медали хидматҳои шоиста дарёфт карда буд.

Маҷлиси Миллии Тоҷикистон бо лағви масунияти қазоии Эраҷ Ширинзода, қозии Додгоҳи олии иқтисодии ин кишвар ва муҳокимаи вай мувофиқат кард.

Ба навиштаи сомонаи Спутник, дархости лағви масунияти қазоии  Эраҷ Ширинзода ва боздошти вайро Юсуф Раҳмон, Додситони кулли  Тоҷикистон  ба Маҷлиси Миллии ин кишвар пешниҳод  кард, ки пазируфта шуд.

Аммо дар бораи иллати ин иқдом ва иттиҳоми ин қозии Додгоҳи олии иқтисодӣ, тавзеҳ дода нашудааст.

Қаблан дар ҳукми Эмомалӣ Раҳмон ,раисиҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи барканории Ширинзода  аз симмати қозии Додгоҳи олии иқтисодии  ин кишвар,   иқдом ва рафтори мухолиф бо ҷойгоҳи қазоват унвон шуда буд.

 Боят гуфт , Эраҷ  Ширинзода дар соли 2019   дар Додгоҳи  олии иқтисодии Тоҷикистон медали  хидматҳои шоиста дарёфт карда буд.