Декабр 18, 2021 13:50 Asia/Dushanbe
  • Дидори нахуствазири Тоҷикистон бо раиси Созмони ғизо ва доруи Русия дар Душанбе

Дар дидори нахуствазири Тоҷикистон бо раиси Созмони ғизо ва доруи Русия дар Душанбе, роҳҳои густариши ҳамкориҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Қоҳир Расулзода ва хонуми Анна Попова дар ин дидор дар бораи кумаки Русия ба Тоҷикистон барои мубориза бо бемории Ковид 19 баҳсу табодули назар карданд.

Ба навиштаи манбаъ, аз оғози ба қайд гирифта шудани бемории сироятии КОВИД-19 миёни мутахассисони соҳаи тандурустии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия робитаи зич барқарор карда шуда, бо роҳи мубодилаи таҷриба ва татбиқи нақшаҳои саривақтӣ ҳамкорӣ натиҷаи нек дод.

Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсони Федератсияи Русия дар замони паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 дар самти дастрас намудани маводи тиббӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон нақши бориз гузошт.

Дар ҷараёни мулоқот оид ба ҷой доштани ҳамгироии нек байни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳавасмандӣ зоҳир карда шуда, барои тақвияти ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсони Федератсияи Русия мулоҳизаҳои судманд баён  шуданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп