Қуния-мизбони ҳамоиши тоҷирони Тоҷикистону Туркия
(last modified Sun, 19 Dec 2021 05:48:01 GMT )
Декабр 19, 2021 10:48 Asia/Dushanbe
  • Қуния-мизбони ҳамоиши тоҷирони Тоҷикистону Туркия

Ҳамоиши бозаргонони Тоҷикистону Туркия дар шаҳри Қуния баргузор шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин ҳамоиш бо ҳимояти Вазорати саноъату фанновариҳои навини Тоҷикистон ва Вазорати саноъату фанноварии Туркия ва ба ибтикори Утоқи бозаргонӣ, саноъат ва биржаи молии Қуния ва Шӯрои тиҷории ин кишвар ва Тоҷикистон баргузор шуд .

Дар ин ҳамоиш Шералӣ Кабир-вазири саноъату фанновариҳои навини Тоҷикистон ва Мустафо Ворнок-вазири саноъату фанноварии Туркия ширкат карданд.
Кабири ҳадаф аз баргузорӣ ва ҳузур дар ин ҳамоишро беҳбуди сатҳи равобити иқтисодӣ ва мубодилоти тиҷории байни ду кишвар унвон кард .Вай музокирот бо маҳофили тиҷории Туркияро омили асосии ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвараш донист, ки пеш аз ҳама бо фазои сармоягузорӣ ва қонунгузорӣ муносиб, неруи кори арзон, захоири ғании табиӣ ва авомили дигар муртабит аст .
Вазири саноъату фанновариҳои навини Тоҷикистон дар идома тавваҷуҳи ширкаткунандагону сармоягузорони туркро ба бахшҳои энержӣ, ҳамлу нақл ва иртиботот, тавлиди масолеҳи сохтмонӣ, саноъати сабук, ғизоӣ, кишоварзӣ, маҳсулоти фароварӣ, гардишгарӣ ва фаъолиятҳои бонкӣ дар Тоҷикистон ҷалб кард .

Дар поёни ин ҳамоиш тафоҳумномае байни Вазоратҳои саноъату фанновариҳои навини Тоҷикистону  Туркия ва Утоқҳои саноъату бозаргонии вилояти Суғди Тоҷикистон ва шаҳри Қунияи Туркия имзо шуд.
Дар паи ин дидорҳо ҳамчунин тафоҳумномаҳои ҳамкории байни муассисаи давлатӣ « Маркази тарроҳии фанновариҳои навини саноъатӣ » вобаста ба Вазорати саноъату фанновариҳои навини Тоҷикистон ва ширкат « Лек юпӣ »и Туркия ба маблағи 2 миллион доллар ва ширкати « Проформ меканик » ба маблағи 25 миллион доллар имзо шуд .

 

Бештар бихонед :