Декабр 19, 2021 13:01 Asia/Dushanbe
  • Бекор шудани эътиборномаи раиси собиқи вилояти Бадахшон дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон

Маҷлиси миллии Тоҷикистон эътиборномаи Ёдгор Файзов-раиси собиқи вилояти Бадахшон ва муовини раиси ин маҷлисро бекор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Маҷлиси миллии Тоҷикистон пас аз барканории Ёдгор Файзов аз симати раёсати вилояти Бадахшон бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон- раиси ҷумҳури Тоҷикистон, намояндагони Маҷлиси миллии ин кишвар эътиборнома ва узвияти вай дар ин ниҳоди қонунгузориро бекор карданд .
Вай дар моҳи октябри 2018 аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати вилояти Бадахшон мансуб ва дар 5 ноябри соли ҷорӣ аз ин мақом барканор шуд.

 

Барчасп