Баргузории аввалин ҷаласаи байниидории амнияту баҳраварии энержӣ дар Тоҷикистон
Декабр 19, 2021 16:13 Asia/Dushanbe
Аввалин коргурӯҳи байниидории амнияту баҳраварии энержӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорат бо ҳамкории Вазорати энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон ва бо ҳимояти барномаи тавсеъаи Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон аввалин коргурӯҳи байниидории “ тазмини амнияти энержӣ ва баҳраварии энержӣ ”-ро дар чорчӯби Шӯрои тавсеаи миллӣ баргузор кард .
Ширкаткунандагон дар ин ҷаласа дар мавриди амнияту баҳраварии энержӣ ва ҳамчунин дастовардҳо ва мушкилоти вазоратхонаи энержии Тоҷикистон дар иҷрои барномаи миёнмуддати тавсеъа барои солҳои 2016 - 2020 баҳсу табодул назар карданд
Барчасп