Декабр 20, 2021 16:53 Asia/Dushanbe
  • Дархости намояндагони Гулбиддин Зиёбеков аз раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон

Намояндагони ҷомеъаи мадании вилояти Бадахшон мавсӯм ба комиссиюни 44, бо ирсоли паёме ба Рустами Эмомалӣ,раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистони хостори мусоидати вай барои таҳқиқи мунсифонаи эътирозоти шаҳри Хоруғ-маркази ин минтақа таи рӯзҳои 25 то 28 ноябри соли ҷорӣ шуданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи нашрияи Тоҷикистон дар ин нома таъкид шудааст, ки бархилофи тавофуқоти қаблӣ феълан мақомоти амниятӣ ва интизомӣ танҳо мавориди захмӣ шудани кормандони полисро баррасӣ мекунанд .
Аммо дар бораи таҳқиқи мунсифонаву дақиқи кушта шудани Гулбиддин Зиёбиков- сокини ноҳияи Роштқалъа, ки дархости аслии намояндагони ҷомеъаи маданӣ мебошад, коре анҷом намедиҳанд .
Мақомоти амниятӣ иллати кушта шудани Гулбиддин Зиёбиковро даст доштанаш дар ҷиноятҳои ҳамчун гаравгонгирӣ ва таҳрики хусумати иҷтимоӣ эълом мекунанд, ки ҳангоми дастгирӣ ба далели муқовимат дар баробари маъмурони полис кушта шуд . Аммо муътаризон кушта шудани вай ва ду нафари дигар дар майдони шаҳри Хоруғро барқасдона  медонанд .
Ҳамчунин ба дархости намояндагони ҷомеъаи мадании вилояти  Бадахшон  бастагони Зиёбеков ҷасади вай барои колбудшикофӣ аз маҳалли дафнаш хориҷ ва ба пизишкии қонунӣ супурда шудааст .



Бештар бихонед :

 

 

Барчасп