Душанбе мизбони нишасти Кумитаи машваратии «Об барои тавсеаи пойдор»
Панҷумин нишасти Кумитаи машваратии байналмилалӣ барои кумак ба иҷрои 10 солаи амалиёти «Об барои тавсеаи пойдор 2018 - 2020» ба мизбонии Душанбе баргузор шуд.
Панҷумин нишасти Кумитаи машваратии байналмилалии “Фароянди об - Душанбе» барои кумак ба иҷрои даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои тавсеаи пойдори 2018 - 2020» ба сурати видеоконфронс баргузор шуд.
Дар ин нишаст, ки ба раёсати муштараки Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи иҷрои Сандуқи байналмилалии Наҷоти баҳри Арал ва Ҷенифер Сара, мудири умумии иқдомоти манобеи обии Бонки Ҷаҳонӣ доир шуд, мавзӯи омодасозӣ ва баргузории дуюмин конфронси байналмилалии даҳсолаи об дар моҳи июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баҳсу баррасӣ шуд.
Ҳамчунин дар хусуси дархостҳои кишварҳову созмонҳои муртабит дар мавриди созмондеҳии муштараки ҷаласаҳо ва панелҳои мавзӯӣ ва таомулӣ баҳсу табодули назар шуд.
Дар ин нишаст дар хусуси раванди омодасозии конфронси СММ дар мавриди баррасии миёнамуддати иҷрои даҳаи об дар соли 2023, ки раёсати муштараки он бо Тоҷикистон ва Ҳоланд аст, иттилооти марбута ироа шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар поёни соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Тоҷикистон барои эъломи солҳои 2018 - 2028 ба унвони даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои тавсеаи пойдор» -ро тасвиб кардааст.