Декабр 23, 2021 09:09 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши нархи сафар дар роҳи Душанбе – Хуҷанд дар соли 2022

Ширкати роҳдории масири Душанбе - Хуҷанд аз афзоиши аворизи тараддуди худравҳо дар соли 2022 хабар дод.

Ба гузориши сомонаи ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS) дар Фейсбук, мизони авориз барои худравҳо дар соли 2022 аз 50 то 70 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.

Ширкати ёдшуда далели ин иқдомро корношоям шудани ҷузъҳо ва унсурҳо ва таҷҳизот унвон кардааст.

Ин ширкат аз соли 2012 хадамоти роҳдорӣ дар ин масирро бар ӯҳда дорад ва бар асоси навъи худрав дар шаш нуқта авориз дарёфт мекунад.

Мақомоти ин ширкат эълом карданд, Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон тасмими афзоиши қимати авориз барои соли 2022-ро таъйид кардааст.

 

Барчасп