Дастёри тоҷикистонии саркардаи гурӯҳи ДИИШ дар Туркия ба зиндон маҳкум шуд
(last modified Thu, 23 Dec 2021 04:55:12 GMT )
Декабр 23, 2021 09:55 Asia/Dushanbe
  • Дастёри тоҷикистонии саркардаи гурӯҳи ДИИШ дар Туркия ба зиндон маҳкум шуд

Додгоҳе дар Истанбули Туркия дастёри тоҷикистонии саркардаи гурӯҳи терористии ДИИШ-ро ба зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши  сомонаи Спутник, расонаҳои хабарии Туркия навиштанд, Аҳмад Сулаймон аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва дастёри Абубакр Бағдодӣ, саркардаи собиқи гурӯҳи терористии ДИИШ-ро ба 8 солу чаҳор моҳ зиндон маҳкум карданд.

Ба навиштаи ин расонаҳо Аҳмад Сулаймон дар амалиёти нерӯҳои амниятии Туркия дар Истанбул боздошт шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар инбора ибрози назар накарданд.

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам мегуянд, ҳудуди ду 2000 нафар аз шаҳрвандони тоҷик дар солҳои 2014 то 2016 бо пайвастан ба гурӯҳои терористӣ ба вижа ДИИШ ба Сурия ва Ироқ рафтанд.