Интишори китоби “Тоҷикон дар ойинаи таърих” ба забони урдӯ дар Покистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i78662-Интишори_китоби_Тоҷикон_дар_ойинаи_таърих_ба_забони_урдӯ_дар_Покистон
Китоби “Тоҷикон дар ойинаи таърих” ба забони урдӯ дар Покистон мунташир шуд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Декабр 24, 2021 16:50 Asia/Dushanbe
  • Интишори китоби “Тоҷикон дар ойинаи таърих” ба забони урдӯ дар Покистон

Китоби “Тоҷикон дар ойинаи таърих” ба забони урдӯ дар Покистон мунташир шуд.

Ба гузориши “Ховар”, ин маросим ба ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон ва бо ҳамкории Маркази мутолеоти ҷаҳонӣ ва стратегӣ дар Исломобод баргузор шуд.

Исматуллоҳи Насриддин, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон дар ин маросим гуфт, пештар ин китоб ба забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, арабӣ, чинӣ, форсӣ ва фаронсавӣ мунташир шудааст.

Вай афзуд, тарҷумаи китоби “Тоҷикон дар ойинаи таърих” навиштаи Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони урдӯ, ҳадяе шоиста ба муносибати сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон аст.