Тавзеҳи далели камбуди барқ аз забони вазири тоҷик
Вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон далели маҳдудияти барқ дар ин кишварро, ки мӯҷиби шикояти корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст, тавзеҳ дод.
Ба гузориши сомонаи нашрияи Ҷумҳурият, Далер Ҷумъа гуфтааст, ки дар фасли сармо дар Тоҷикистон мушкили камбуди барқ вуҷӯд дорад, ки иллати ин буҳрони коҳиши боришҳо, нокофӣ будани захоири об пушти сади нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва афзоиши масраф мебошад.
Вай таъкид кардааст, ки бо баҳрабардорӣ аз турбинҳои бештари нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва пайвастани Тоҷикистон ба шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ дар соли 2022 таъмини бахши хонагӣ бо барқ беҳтар хоҳад шуд.
Ҳарчанд, ки бо тавлиди наздик ба 19 миллиард киловатт соат/барқ дар Тоҷикистон тайи 11 моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи сол қабл тавлиди барқ дар ин кишвар беш аз 6 дарсад афзоиш ёфтааст, мушкили камбуди барқ ҳамчунон боқӣ мемонад.
Ҳамзамон бо афзоиши содироти барқи Тоҷикистон ба хориҷ ар тирамоҳи соли ҷорӣ дар манотиқи рустоии Тоҷикистон барқ ба бахши хонагии ин кишвар танҳо субҳу шом мунтақил мешавад ва дар бақияи соатҳои шабонарӯз маҳдудият вуҷӯд дорад.