Декабр 25, 2021 16:27 Asia/Dushanbe
  • Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон аз бозгардондани маблағҳои дарёфтӣ ба Толибон худдорӣ мекунад

Дар ҳоле, ки сафири Афғонистон дар Тоҷикистон аз бозгардондани 786 ҳазор доллар ба Толибон имтиноъ мекунад, мегӯяд, мо ҳам мисли тақрибан ҳамаи ҷаҳон, Толибонро ба расмият намешиносем.

Ба навиштаи рӯзномаи “Ҳиндустон Таймс”, Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон изҳор кард, ки сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон аз бозгардондани тақрибан 800 ҳазор доллар, ки дар рӯзҳои поёнии раёсатҷумҳурии Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳурии собиқи Афғонистон, аз Кобул ирсол шуда буд, имтиноъ кардааст.

Давлати собиқи Афғонистон пас аз фирори Ғанӣ аз ин кишвар ва паноҳандагиаш дар Иморот, 786 ҳазор долларро ба сафорати Афғонистон дар Душанбе интиқол дода буд.

Толибон номае ба ин сафорат ирсол кард ва аз ҳайати сафорат хост то ин маблағҳоро ба Кобул бозгарданд.

Хабаргузории Спутник гузориш дода, ки Ағбар ба хабарнигорон гуфт: Толибони ҳеҷ ҳақе дар хусӯси мутолибаи ин маблағ надорад ва аз он ҷое ки сафорати Афғонистон, идораи расмии дипломатии  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст ва ба ҳамин манзур маболиғи мухталифе дар инҷо дарёфт мешавад, Толибон ҳеҷ ҳаққе надорад то саволеро дар ин замина матраҳ кунад.

Ағбар таъкид кард, ки ҳамчун тақрибан кулли ҷаҳон, ин сафорат Толибонро ба расмият намешиносад.

Вай гуфт, акнӯн мо як Афғонистони кучак ба ҳамроҳи теъдоди зиёде аз шаҳрвандонамон, ки дар инҷо кору зиндагӣ мекунанд, ҳастем.

Ин сафир хотирнишон кард, ки тақрибан 10 ҳазор афғон дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ки метавонанд кумакҳоеро аз ин сафорат дарёфт кунанд.

 

Барчасп