Декабр 28, 2021 12:18 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Афғонистон созишномаи содироти барқ барои соли 2022-ро имзо карданд

Мақомоти ширкатҳои барқи Тоҷикистон ва Афғонистон созишномаи содироти барқ байни ду кишварро барои соли 2022 имзо карданд.

Ба гузориши сомонаи ширкати давлатии барқи Афғонистон, ин созишномаро Мирзо Исмоилзода, мудири ширкати давлатии "Барқи Тоҷик" ва Ҳафиз Муҳаммадамин, мудири ширкати давлатии барқи "Брешно" имзо карданд.

Дар ин музокироти дурӯза, тарафҳо дар бораи қимати барқи содиротии Тоҷикистон ба Афғонистон, қимати ҳар киловат соат барқ ва сохти хатти КАСА 1000 баҳсу табодули назар карданд.

Қабалан мақомоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон эълом карда буданд, ки бо вуҷуди султаи Толибон бар Афғонистон содироти барқ ба ин кишвари ҳамсояро қатъ накардаанд.

Бар асоси тавофуқи қаблии Тоҷикистон ва Афғонистон, Душанбе уҳдадор шудааст, ки дар соли 2021 ба кишвари ҳамсоя 1 миллиарду 500 миллион киловат соат/барқ содир кунад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп