Декабр 28, 2021 12:20 Asia/Dushanbe
  • Шукуфа задани дарахтони бодом дар ҷануби Тоҷикистон

Ба хотири тағйироти обу ҳавоӣ ва гармои бесобиқа дар фасли зимистони кунунӣ, дарахтони бодом дар вилояти Хатлони Тоҷикистон шукуфа заданд.

Ба гузориши сомонаи ТоҷВик, коршиносон набуди сармо, кам шудани боришҳо ва гармои бесобиқа дар фасли зимистони кунуниро, омили шукуфа задани дарахтон дар вилояти Хатлон унвон карданд, ки дар сурати бориши барф ва яхбандон сабаби нобудии маҳсул хоҳад шуд.

Бахтиёр Абдулвоҳидов, мушовири дафтари намояндагии Барномаи ғизоии Созмони Миллали Муттаҳид (FAO) муътақид аст, ки ба эҳтимоли зиёд дар соли 2022 бардошти маҳсулоти бодом дар вилояти Хатлон ғайримумкин хоҳад буд, зеро бо камтарин сарди дар моҳҳои январ ва феврал эҳтимоли сармозадагии дарахтони бодом вуҷуд дорад.

Вай афзуд, ба ин сабаб, ки таҷрубаи солҳоли қабл нишон медиҳад, ки тағйироти обу ҳаво дар минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон сабаби шукуфа задани пеш аз замони таъйин шуда, дарахтони бодом ва нобудии маҳсул бо бориши барф ва яхбандон мешавад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп