Декабр 29, 2021 15:06 Asia/Dushanbe
  • Норизоиятӣ аз раванди ваксинатсия дар вилояти Суғд

Мақомоти идораи тандурустии вилояти Суғд аз раванди кунди ваксинатсияи Ковид -19 дар ин минтақа ибрози норизоиятӣ кардаанд.

Ба гузориши сомонаи «Спутник», Ҳабибуллоҳ Муҳиддинов, мудири идораи тандурустии вилоят Суғд гуфт, то 28 декабри соли ҷорӣ 1 миллиону 629 ҳазор нафар афроди болои 18 сол дар ин минтақа дозаи аввал ва дувуми воксани корона тазриқ кардаанд, ки ин мизон ваксинатсия ризоиятбахш нест.

Вай таъкид кард, раванди ваксинатсия дар шаҳрҳои Истаравшан, Истиқлол, Исфара, панҷакент, Конибодом ва ноҳияҳои Спитамен ғайриқобилиқабул аст.

Бар асоси омори ин идора, то ба ҳол 945 ҳазор сокини болои 18 соли вилояти Суғд дозаи нахусти воксани корона дарёфт кардаанд, ки ин нишондод ҳудуди 54.9 дарсад аз ҷамъияти шимоли Тоҷикистонро дарбар мегирад.

Аммо ба 682 ҳазору 700 нафар низ дозаи дуҷуми воксани корона тазриқ шудааст, ки баробар бо 39.6 дарсад аз сокинони болои 18 соли ин вилоят аст.

 

 

Барчасп