Интиқоли 260 ҳазор тон бензин аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2022
(last modified Thu, 30 Dec 2021 03:33:53 GMT )
Декабр 30, 2021 08:33 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли 260 ҳазор тон бензин аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2022

Вазорати энержии Русия эълом кард, ки ин кишвар дар соли 2022 ба Тоҷикистон 260 ҳазор тон бензин бидуни дарёфти аворизи гумрукӣ ирсол хоҳад кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, илова бар ин Тоҷикистон дар соли 2022 аз Русия 10 ҳазор тон салярка, 40 ҳазор тон маҳсулоти нафтӣ, 40 ҳазор тон бензини ҳавопаймо ва 50 ҳазор тон гази фишурда бидуни пардохти авориз гумрукӣ дарёфт хоҳад кард.

Ин дар ҳоле аст, ки тайи 11 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон аз Русия ва Қазоқистон 553 ҳазор тон сӯзишворӣ ба арзиши молии 360 миллион доллар орд кардааст. Аммо дар нимаи дувуми соли ҷорӣ қимати ҳар литр бензин аз 11сомониву 50 дирам то 11 сомониву 80 дирам, салярка аз 11сомониву 40 то 11 сомониву 70 дирам ва қимати гази моеъ ба 7 сомониву 80 дирам расид, ки  падедаи бесобиқае мебошад.

Зеро дар оғози соли ҷорӣ дар Тоҷикистон қимат ҳар литр бензину салярка 7 сомонӣ ва гази моеъ, 4 сомонӣ буд.

 

Бештар бихонед: