Декабр 30, 2021 09:49 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Дабири кулли ҷадиди СҲИ

Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Дабири кулли ҷадиди Созмони Ҳамкории Исломӣ дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши Форс, Акрам Каримӣ, сафири Тоҷикистон дар Риёз бо Ҳусейн Иброҳим Тоҳо, дабири кулли ҷадиди Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Ҷидда мулоқот кард.

Дар ин дидор масоили марбӯт ба ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Ҳамкории Исломӣ ва сохторҳои зермаҷмӯъаи он баррасӣ шуд.

Тарафайн ҳамчунин роҳҳои тақвияти таомул дар чорчӯби ин созмонро баррасӣ карданд.

Ду тараф дар ин дидор дар мавриди масоили муҳими байналмилалӣ ва минтақаӣ, аз ҷумлаи вазъияти Афғонистон ва созу корҳои ироаи кумаки башардӯстона ба мардуми афғон, баҳсу табодули назар карданд.

 

Барчасп