Муофияти молиётии ширкати муштараки тиллои Тоҷикистон ва Чин
Маҷлиси Тоҷикистон ширкати истихроҷи тиллои “Зарафшон”-ро аз пардохти молиёт, аворизи гумрукӣ ва молиёт бар арзиши афзӯда муъоф кард.
Ба гузориши сомонаи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, ин имтиёз барои сохти корхонаи ҷадиди оҳангудозӣ дар вилояти Суғд ба ин ширкат эъто шудааст.
Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии мудирияти амволи давлатӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ҳангоми ироаи ин лоиҳа дар охирин нишасти Маҷлиси намояндагон дар соли 2021 гуфт: "корхонаи коркарди тилло ва мис"дар ноҳияи Панҷакент эҳдос мешавад.
Ӯ афзуд, ин корхонаи тилло ва мисро бо оксиди фишурдаи консентрат истихроҷ хоҳад кард.
Вай идома дод, ширкати муштараки тиллои “Зарафшон”, ки бо 75 дарсад саҳҳоми молии Чин ва 25 дарсади саҳми Тоҷикистон фаъолият мекунад, ба ин манзур 117 миллиондоллар сармоягузорӣ мекунад.
Қодирзода гуфт, дар ин созишнома саҳми ҳукӯмати Тоҷикистон 30 дарсад аст.
Бештар бихонед:
- Судури муҷавизи сохти истихроҷи тилло аз маодини ноҳияи Айнӣ барои ширкати чинӣ
- Афзоиши 8 дарсадии тавлиди тилло дар Тоҷикистон