Посухи мақомоти Сафорати Чин ба намояндаи Парлумони Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i79034-Посухи_мақомоти_Сафорати_Чин_ба_намояндаи_Парлумони_Тоҷикистон
Мақомоти Сафорати Чин дар Душанбе ба ибрози назари намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон посух доданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Декабр 31, 2021 21:23 Asia/Dushanbe
  • Посухи мақомоти Сафорати Чин ба намояндаи Парлумони Тоҷикистон

Мақомоти Сафорати Чин дар Душанбе ба ибрози назари намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон посух доданд.

Ба гузориши сомонаи «ТоҷВик», дар пайи суханони Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон дар бораи зарурати наздик шудан ба Русия, пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва фосила гирифтан аз Чин, сафорати ин кишвар дар Душанбе бо интишори баёнияе ба ин мавзуъ вокуниш нишон дод.

Дар ин баёния таъкид шудааст, ки ин гуна ибрози назарҳо муғойир бо рӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории роҳбурдии ду кишвар аст.

Зеро Чин ҳеҷ навъ аҳдофи сиёсӣ аз ироаи кумаки молӣ ва мушорикат дар тарҳҳои зербиноии Тоҷикистонро дунбол намекунад ва қасди қарздор кардани ин кишварро низ надорад.