Январ 01, 2022 12:00 Asia/Dushanbe
  • Имкони ҷазби 4 ҳазор зани тоҷик дар корхонаҳои дӯзандагии Русия

Сафири Русия дар Душанбе аз омодагии кишвараш барои ҷазби 4 ҳазор зани тоҷик барои фаъолият дар корхонаҳои дӯзандагии кишвараш хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Игро Лякин-Фролов ин матлабро дар дидор бо Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе унвон кард.

Ба навиштаи манбаъ тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон тарафҳо дар бораи корҳои анҷомшуда ва мушкилоти ҷойдошта дар ин хусус мубодилаи афкор намуданд.

Зимни мулоқот сафири Русия ба таҷрибаи Ӯзбекистон дар хусуси ҷалби гурӯҳии шаҳрвандон барои кор дар хориҷ аз кишварашон ишора кард.

Сафир қайд кардааст, ки ширкатҳо ва корхонаҳои дӯзандагии Русия омодаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла занонро барои фаъолият дар Русия ҷалб намоянд.

Муовини вазири меҳнати Тоҷикистон дар масъалаҳои фаъолияти сохторҳои вазорат, ки барои омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ машғул мебошанд, маълумот дод.

Шаҳноза Нодирӣ қайд намуд, ки ҳамкории муштараки Душанбеву Маскав дар зимни созишномаи байниҳукуматӣ барои ҷалби гурӯҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор дар Русия густариш меёбад.

Инчунин тибқи иттилои манбаъ, ҷонибҳо дар бораи ҳолати кунунии лоиҳаи созишномаҳои ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират, ки дар баррасии мақомоти дахлдори тарафҳо қарор доранд, мубодилаи афкор намуданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп