Размикори ихроҷии тоҷик аз Русия дар Душанбе боздошт шуд
(last modified Sat, 01 Jan 2022 07:31:21 GMT )
Январ 01, 2022 12:31 Asia/Dushanbe
  • Размикори ихроҷии тоҷик аз Русия дар Душанбе боздошт шуд
    Размикори ихроҷии тоҷик аз Русия дар Душанбе боздошт шуд

Размикори ихроҷии тоҷик аз Русия дар фурудгоҳи Душанбе боздошт ва ба боздоштгоҳи муваққат мунтақил шудааст.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, мақомоти додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе эълом карданд, ки Чоршанбе Чоршанбиев, размикори тоҷики муқими Русия, ки ба иттиҳоми нақзи қонуни иқомот дар ин кишвар маҳкум ба пардохти ҷаримаи молӣ ва ихроҷ ба Тоҷикистон шуда буд, дар Душанбе боздошт гардидааст.

Ин мақомот иттиҳоми вайро даъват ба нофармониҳои умумӣ, ифротгарӣ ва доман задан ба ихтилофоти иҷтимоӣ унвон кардаанд. Ҳуқуқдонон мегӯянд, ки дар сурати исботи ин иттиҳомот додгоҳ метавонад Чоршанбе Чоршанбиевро ба 8 сол зиндон маҳкум кунад. Вай тайи солҳои ахир дар Маскав басар мебурд.

Бештар бихонед: