Интиқоди вазири дифоъи Тоҷикистон аз равишҳои сарбозгирӣ дар ин кишвар
Вазири дифоъи Тоҷикистон хостори ислоҳи равишҳои даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ шуд.
Ба гузориши хабаргузории Спутник, генерал Шерали Мирзо ин матлабро дар нишаст бо муъовинон, раиси ситоди кулли неруҳои мусалаҳ ва масъулони идораҳои вазорати дифоъи Тоҷикистон, ки ба баррасии натиҷаи ҷазби ҷавононӣ дорои шароит барои хизмати ҳарбӣ ихтисос дошт гуфт.
- Вай таъкид кард комиссариатҳои ҳарбӣ бояд ҳангоми ҷазби ҷавонон ба хизмати низомӣ шахсияти ин афрод, шаройити хонаводагӣ, вазъи ҷисмонии онҳоро мади назар қарор диҳанд.
Дар ин нишаст дар бораи роҳои поён додан ба фасод ва ришвахорӣ ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ низ баҳсу табодули назар шуд.
Вокунишҳо ба қонуни хариди хизмати сарбози дар Тоҷикистон
Интиқоди намояндаи Парлумони Тоҷикистон аз гаронии корти муофият аз сарбозӣ
Ҳамасола дар замони эъломи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон шикоят аз тарафи волидайн матраҳ мешавад, ки фарзандони бемори онҳоро маҷбури ба комиссариатҳои ҳарби бурданд.
Дар тоҷикистон ҳамасола дар фасли баҳор ва тирамоҳ шаҳрвандони аз 18 сол то 27 сол барои хизмати ҳарби даъват мешаванд.
Бар асоси қонуни нави сарбозӣ бо пардохти 25 ҳазору 500 сомонӣ (2 ҳазору 200 доллар) метавон корти озоди аз хидмати низомӣ дарёфт кард.