Парвозҳои “Тоҷик-эйр” ба Бадахшон аз сар гирифта мешавад
Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-эйр” эълом кардааст, ки парвозҳои худро дар масири Душанбе-Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон аз сар хоҳад гирифт.
Ба гузориши сайти “Азия плюс”, Азиз Хайруллоев, сухангӯи ширкати “Тоҷик-эйр” гуфтааст, ки парвози ҳавопаймоҳо дар ин масири печидаи кӯҳистонӣ, ки як моҳ қабл қатъ шуда буд, дар рӯзҳои наздик аз сар гирифта хоҳад шуд.
Масири ҳавоии Душанбе- Хоруғ аз печидатарин роҳҳои ҳавоии ҷаҳон ба ҳисоб меояд.
Сухангӯи ширкати “Тоҷик-эйр” иллати қатъи парвозҳои ин ширкат дар масири Душанбе – Хоруғро мушкилоти фаннӣ дар ҳавопаймои "Антонов- 28" унвон кардааст.
Шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар баландии ду ҳазору 200 метр аз сатҳи дарё воқеъ шудааст ва ба далели вуҷуди кӯҳистонҳои баланд дар масири Душанбе ба ин минтақа, танҳо ҳавопаймоҳои “Як -40" ва "Антонов - 28" метавонанд дар ин масир парвоз кунанд.
Ҳамакнун сокинони вилояти Бадахшон барои расидан ба ин минтақа ночоранд ба сурати заминӣ ва дар муддати як рӯз ин масири кӯҳистонии тӯлониро бипаймоянд то ба шаҳри Хоруғ бирасанд.
Дар солҳои қабл масъулони ширкати “Тоҷик-эйр” қасд доштанд парвози Душанбе - Хоруғро ба иллати хатарнок будани масир ва набуди сарфаи иқтисодӣ қатъ кунанд, аммо бо эътирози аҳолии Бадахшон ин парвоз идома ёфт.