Тоҷикистон пешгоми рушди ҷамъият дар миёни кишварҳои узви ИДМ
(last modified Mon, 03 Jan 2022 10:09:02 GMT )
Январ 03, 2022 15:09 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон пешгоми рушди ҷамъият дар миёни кишварҳои узви ИДМ

Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард, ки тайи 30 соли ахир ҷамъияти Тоҷикистон 76.6 дарсад рушд карда, ки болотарин шохис дар миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Ба гузориши сомонаи Бонки Ҷаҳонӣ, ҷамъияти Тоҷикистон дар соли 1991 ва замони фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ, 5 миллиону 361 ҳазор нафар буд, ки дар соли 2021 ба 9 миллиону 506 ҳазор нафар расидааст.

Бар асоси ин гузориш, рушди солонаи ҷамъияти Тоҷикистон 2.4 дарсадро ташкил кардааст, ки болотарин шохис дар ИДМ ба ҳисоб меояд.

Тайи ин муддат ҷамъияти рустоии Тоҷикистон бо афзоиши 90 дарсадӣ аз 3 миллиону 684 ҳазор нафар дар соли 1991, дар соли 2021 ба 7 миллион нафар расидааст.

Рушди ҷамъияти шаҳрии Тоҷикистон дар ин муддат 49 дарсадро ташкил карда аз 1 миллиону 676 ҳазор нафар ба 2 миллиону 502 ҳузор нафар расидааст.

Дар ҳоли ҳозир дар вилояти Хатлон 3 миллиону 400 ҳузор нафар, вилояти Суғд 2 миллиону 800 ҳазор нафар, навоҳии марказии Тоҷикистон 2 миллиону 200 ҳазор нафар, шаҳри Душанбе 881 ҳазор нафар ва вилояти Бадахшон 232 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

 

Бештар бихонед: