Зарурати суръат бахшидан дар аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Узбакистон
Сафири Тоҷикистон дар Узбакистон бо мақомоти Вазорати умури хориҷаи ин кишвар дар Тошканд дидор ва бар зарурати суръат бахшидан дар аломатгузории марзи муштараки ду кишвар таъкид кард.
Ба гузориши сайти Вазорати умури хориҷаи Узбакистон, Содиқ Имомӣ, сафири Тоҷикистон дар Тошканд бо мақомоти ин вазоратхона дидор ва мавзӯи суръат бахшидан дар музокироти ҳайатҳои сиёсӣ ва марзбонии ду кишварро барои тавофуқи ниҳоӣ бар сари аломатгузории марзи муштарак баррасӣ кард.
Қаблан манобеи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом карда буданд, ки аз марзи муштараки 1 333 километрии ин кишвар бо Узбакистон дар беш аз ду даҳаи музокироти дуҷониба, 84 дарсад аломатгузорӣ шуда ва тавофуқномаи он низ ба тасвиби порлумонҳои ин ду ҷумҳурӣ расидааст.
Бо ин ҳол, ихтилофи назари тарафҳо бар сари 16 дарсад аз марзи муштараки Тоҷикистон ва Узбакистон дар қаламрави вилояти Суғд ҳамчунон боқӣ мондааст.
Мақомоти Узбакистон муддаӣ ҳастанд, ки бахше аз қаламрави Тоҷикистон дар ноҳияҳои Мастчоҳ ва Спитамони вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон мутааллиқ ба ин кишвар аст.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон бо радди ин иддао таъкид кардааст , ки нерӯгоҳи обии "Фарҳод" ва заминҳои атрофи он дар даврони Шӯравӣ ба муддати 70 сол ба Узбакистон иҷора дода шуда буд , ки бо поёни муддати иҷора, ин минтақа дубора ба қаламрави Тоҷикистон замима шудааст.