Баёнияи Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар бораи шаҳрвандони тоҷики ихроҷӣ аз Русия
(last modified Wed, 05 Jan 2022 06:42:55 GMT )
Январ 05, 2022 11:42 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар бораи шаҳрвандони тоҷики ихроҷӣ аз Русия

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав бо интиҳори баёнияе дар бораи саргардонии коргарони муҳоҷири ихроҷии ин кишвар аз Русия тавзеҳ дод.

Ба гузориши сомонаи Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, дар ин баёния таъкид шудааст, то 4 январи соли ҷорӣ бо ҳамоҳангии мақомоти Вазорати дохилӣ ва бештари ин афрод бо ҳавопаймо ба Тоҷикистон мунтақил шуданд.

Дар фурудгоҳи Домодедова Маскав фақат теъдоди андаке аз коргарони муҳоҷири тоҷик боқӣ мондаанд, ки ба зудӣ ба Тоҷикистон боз мегарданд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия эълом кард, теъдоде аз ин афрод барои кор аз Тоҷикистон ба Русия омада буданд, ки дар фурудгоҳи ёдшуда ба онон гуфта шуд, ҳукми қаблии мамнуияти вуруди онон ҳанӯз лағв нашудааст.

Дар баёнияи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия, аз тамоми шаҳрвандони тоҷики ҷӯёи кор дархост шуда, ки қабл аз сафар ба Русия аз муҷоз ва ё мамнуъ будани вуруд ба Русия аз намояндагиҳои Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон иттилоъ гиранд.

Бар асоси омори расмӣ тайи солҳои ахир, Русия 300 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст .

 

Бештар бихонед: