Январ 05, 2022 12:23 Asia/Dushanbe
  • Швейтсария мақсади аслии содироти Тоҷикистон

Арзиши колоҳои содиротии Тоҷикистон тайи 11 моҳи соли гузашта 1 миллиарду 800 миллион доллар эълом шуд.

Ба гузориши “Ховар”, дар 11 моҳи соли гузашта ҳудуди 39 дарсад аз кулли содироти Тоҷикистон ба Швейтсария будааст.

Бештари содироти Тоҷикистон ба Швейтсария филизоти гаронбаҳо ва сангҳои ороишӣ аст.

Дар ин муддат арзиши табодулоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 726 миллион доллар эълом шуда, ки 707 миллиону 600 ҳазор доллари он арзиши содироти филизоти гаронбаҳо ва сангҳои ороишӣ будааст.

Арзиши кулли тиҷорати хориҷии Тоҷикистон тайи 11 моҳи соли гузашта низ 5.5 миллиард доллар буд, ки ин мизон дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли 2020 ҳудуди 34 дарсад афзоиш доштааст.

Ҳамчунин тайи ин муддат 3 миллиарду 700 миллион доллар коло ба Тоҷикистон ворид шудааст, ки 898 миллион доллар бештар аз давраи мушобеҳи соли қабл аст.

Шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон дар ин муддат Русия бо 1 миллиарду 130 миллион доллар, Қазоқистон 1 миллиарду 40 миллион доллар, Чин бо 769 миллиону 900 ҳазор доллар ва Швейтсария бо 726 миллион доллар буданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп