Таваққуфи парвозҳо миёни Душанбе ва Алмаато то иттилои сонавӣ
Январ 10, 2022 12:04 Asia/Dushanbe
Мақомоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз таваққуфи парвозҳо миёни пойтахти Тоҷикистон ва шаҳри Алмаатои Қазоқистон хабар доданд.
Ба гузориши сомонаи русии ТАСС, ба далели авзои амниятии Қазоқистон парвозҳо миёни ин кишвар ва Тоҷикистон то фароҳам шудани шароити мусоид қатъ шудааст.
Аз ин рӯ, барқарории парвозҳо миёни ду кишвар ба тасмими мақомоти Қазоқистон бастагӣ хоҳад дошт.
Қаблан ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон ҳар ҳафта рӯзҳои чаҳоршанбе ва ширкати қазоқистонии «Остона Эйр» рӯзҳои якшанбе парвози рафту баргашт миёни шаҳрҳои Душанбе ва Алмаато анҷом медоданд.
Бештар бихонед:
- Омодагии Тоҷикистон барои барқарории дубораи парвозҳо ба Чин
- Барқарории парвозҳо дар масири Душанбе ба Хуҷанд тавассути ширкати Сомон - Эйр
Барчасп