Таҳдид ба бомбагузорӣ дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия таҳдид ба бомбагузорӣ шуд.
Кормандони полиси Маскав пас аз иттилоъ аз таҳдиди бомбагузорӣ дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия, сохтмони сафоратхонаро бозрасӣ карданд.
Ба гузориши сомонаи ТАСС, афроди ношинос бо ирсоли паёме ба сомонаи Сафорати Тоҷикистон дар Русия таҳдид карданд, ки ин марказ бомбагузорӣ шуда ва ҳар навъ талош барои хунсосозии бомба сабаби инфиҷор мешавад.
Ин афрод хостори хуруҷи ҳарчӣ фаврии низомиёни тоҷик аз Қазоқистон шудаанд.
Аммо мутахассисони рус бо кумаки сагҳои омӯзишдида бинои Сафорати Тоҷикистон дар Русияро бозрасӣ карданд, ки дар ҷустуҷӯҳо ҳеҷ бомбае кашф нашуд.
Бар асоси эъломи мақомоти Қазоқистон, хуруҷи неруҳои низомии кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти Дастаҷамъӣ, ки барои барқарории субот ва амният вориди ин кишвар шудаанд, бо оддӣ шудани авзоъ аз 13 январ оғоз мешавад ва тайи 10 рӯз ба поён мерасад.