Ноябр 16, 2016 10:05 Asia/Dushanbe
  • Баррасии тарҳи буҷети давлати Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи буҷети давлати ин кишвар барои соли 2017-ро баррасӣ мекунанд.

Ба иттилои сайти Авесто, Муҳаммадато Султонов, сухангуи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз оғози баррасии тарҳи буҷети пешниҳодии давлати ин кишвар дар нишасти рӯзи чаҳоршанбеи парлумони ин ҷумҳурӣ хабар дод.

Сухангуи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар ин нишаст ҳамчунин дар бораи барномаи дарёфти қарзҳои молии хориҷӣ барои рушди иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои 2017 то 2019 баҳсу табодули назар хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Султонов, намояндагони мардум дар ин нишаст, созишномаи давлатии Тоҷикистон ва Чинро дар заминаи кумаки молӣ ва фаннии Пекин барои сохти посгоҳҳои ҷадиди марзӣ дар марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистон ба тасвиб хоҳанд расонд.  

Бар асоси ин гузориш, буҷети давлати Тоҷикистон барои соли 2017 беш аз 19 миллиард сомонӣ (наздик ба 2 миллиарду 500 миллион доллар) хоҳад буд, ки аз ин рақам 8 миллиарду 286 миллион сомонӣ ба бахшҳои иҷтимоӣ тааллуқ дорад.

Буҷети давлати Тоҷикистон дар соли 2017 як миллиарду 718 миллион сомонӣ бештар аз имсол хоҳад буд.

 

Барчасп