Истихроҷи 50 навъ моддаи хом аз 100 маъдани Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i79800-Истихроҷи_50_навъ_моддаи_хом_аз_100_маъдани_Тоҷикистон
Вазири саноат ва техналогияҳои нави Тоҷикистон аз истихроҷи 50 навъ моддаи хоми саноатӣ аз 100 маъдани кишвар хабар дод.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Январ 15, 2022 21:59 Asia/Dushanbe
  • Истихроҷи 50 навъ моддаи хом аз 100 маъдани Тоҷикистон

Вазири саноат ва техналогияҳои нави Тоҷикистон аз истихроҷи 50 навъ моддаи хоми саноатӣ аз 100 маъдани кишвар хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Шерали Кабир ин матлабро дар нишасти байналмиллалӣ "Future Minerals" ки аз тариқи иртиботи видеоӣ дар Риёз, пойтахти Арабистон баргузор шуд, эълом кард.

  • Вай таъкид кард дар Тоҷикистон 600 маъдан шиносоӣ шуд, ки дар ҳоли ҳозир фақат аз 100 маъдан баҳрабардорӣ мешавад.
  • Ӯ изҳор кард: Аз маводи хоми ин маъданҳо дар бахшҳои саноат, химиявӣ ва биносозӣ истифода мешавад.

Вазири саноат ва техналогияҳои нави Тоҷикистон аз намояндагони 95 кишвар, ки дар ин нишасти байналмиллалӣ ширкат карданд, даъват кард, дар бахши маъданҳои кишвар  сармоягузорӣ кунанд.